Мулоқоти Сафир бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Украина

6 октябри соли 2021 дар шаҳри Киев мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Украина Геннадий Чижиков доир гардид.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Украинаро дар соҳаи иқтисоду савдо, энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту транзит мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар вохӯрӣ ба рафти омодагӣ ба баргузор кардани ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Душанбе ва дар ҳошияи он гузаронидани форуми соҳибкорони Тоҷикистону Украина таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.