Выступление Премьер-министра Исламской Республики Пакистан Имран Хана на пресс-конференции после переговоров с Президентом Республики Таджикистан

Г-н Президент Эмомали Рахмон,

 

Прежде всего, хотел  бы искренне поздравить Вас с успешным проведением сегодняшнего Саммита Шанхайской Организации Сотрудничества.

Во-вторых, я хочу поблагодарить Вас от имени моей делегации за теплое гостеприимство, которое Вы оказали нам во время моего официального визита в Таджикистан.

Мы обсудили широкий круг вопросов, в частности торговля между двумя странами, взаимосвязанность, кратчайший путь из Таджикистана к Индийскому океану и выхода к морю, пролегающий через Пакистан.

Поэтому мы обсудили вопрос как можем получить взаимную выгоду от торговли, будь то в текстильной, фармацевтической или туристической отраслях.

Но сегодня самая важная тема и то, что больше всего беспокоит наши две страны — это Афганистан.

И как совершенно правильно сказал господин Президент, восстановление мира в Афганистане чрезвычайно важно не только для Таджикистана и Пакистана, но особенно для многострадального народа Афганистана, в стране где в течение сорока лет происходит конфликт и это повлекло за собой огромные страдания для народа этой страны.

Таким образом, с учётом нынешней ситуации мы обсудили пути как мы можем гарантировать или сделать все возможное, чтобы в будущем был мир и стабильность в этой стране.

Конфликт, вызывавший озабоченность наших стран — это конфликт в Панджшере между таджиками и талибами.

И мы сегодня пришли к такому решению, что будем стараться изо всех сил, Вы, господин Президент, используете свое влияние на таджиков, а мы будем стараться изо всех сил с пуштунами или Талибами. Мы сделаем все возможное, чтобы существующие разногласия между ними разрешились путём диалога.

Мы будем настоятельно призывать их к сформированию инклюзивного правительство, что важно для многонациоанльного Афганистана.

В Афганистане 45 процентов пуштунов, также огромное национальное  меньшинство таджиков. В этой стране также есть хазарейцы и узбеки. Таким образом, прочный мир в Афганистане возможен только при инклюзивном правительстве.

В этой связи мы приложим все наши усилия, мы будем настоятельно призывать, зная, что не можем приказывать какой-либо стране, но мы приложим все усилия, побуждая их в качестве друзей Афганистана, чтобы они решили проблемы, особенно текущую ситуацию между таджиками и талибами в Панджшерской долине.

Мы также будем призывать их на основе гуманности прекратить блокаду для поступления гуманитарной помощи в регион.

На данной стадии мы можем сказать, г-н Президент, как мы с вами сегодня подробно обсудили этот вопрос, что является переломным моментом в истории Афганистана.

Ситуация в Афганистане может развиваться по двумя сценариями: один к прочному миру, который  не был обеспечен в течение последних сорока лет, или, к сожалению, она может пойти в ужасном направлении — к еще большему конфликту, гуманитарному кризису, большему количеству беженцев, нестабильному Афганистану, управляемым террористами. По крайней мере, три различные террористические группы использовали афганскую землю для террористических атак в Пакистане.

Таким образом, фактически каждый член международного сообщества заинтересован в мире и стабильности в Афганистане.

Таким образом, как мы сегодня договорились мир может быть достигнут только в том случае, если будет сформировано инклюзивное правительство. Все фракции, этнические группы должны войти в состав правительства, которая приведет к прочному миру.

Еще раз от имени делегации хочу поблагодарить Вас, господин Президент, за теплое и сердечное гостеприимство, которое произвело на всех впечатление. Мы видели прогресс, я видел здания и озеленение.

Это показывает, что у вас действительно есть страсть к развитию своей страны, и это действительно произвело впечатление на мою делегацию. Хочу поздравить вас с этими достижениями.

Благодарю вас.


Суханронии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон,

Пеш аз ҳама, ман мехоҳам Шуморо барои бомуваффақият баргузор намудани саммити имрузаи Созмони ҳамкории Шанхай табрик намоям.

Баъдан, ман мехоҳам ба Шумо аз номи ҳайати худ барои меҳмоннавозӣ ва самимият, ки Шумо ҳангоми сафари мо нишон додед, ташаккур гӯям.

Мо доираи васеи мавзӯъҳоро, ки марбут ба масоили тиҷорат байни ду кишвар, иттисол, роҳи кутоҳтарин аз Тоҷикистон то Уқёнуси Ҳинд, яъне то баҳр тариқи Покистон мебошанд, мавриди баррасӣ қарор додем.

Бинобар ин, мо дар мавриди он баҳс кардем, ки чи гуна метавонем аз тиҷорат манфиати мутақобила, чи дар соҳаи нассоҷӣ, доруворӣ ва ё сайёҳӣ дошта бошем.

Аммо имрӯз муҳимтарин мавзӯе, ки ду кишвари моро аз ҳама бештар нигарон мекунад, ин масоили Афғонистон мебошад. Чуноне, ки ҷаноби Президент комилан дуруст қайд карданд, ки сулҳ дар Афғонистон на танҳо барои Тоҷикистону Покистон ниҳоят муҳим мебошад, инчунин махсусан барои мардуми азияткашидаи Афғонистон, ки дар давоми чил сол кишвари ҷангзада аст ва он боиси ранҷу азоби зиёд барои мардуми он кишвар шудааст.

Ҳамин тавр, мо масъалаеро баррасӣ кардем, ки бо дарназардошти вазъи кунунӣ, чӣ гуна метавонем кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки сулҳу субот дар оянда барқарор шавад. Ва низое, ки моро ва Шуморо ба ташвиш меорад, ман медонам, моро дар Покистон нигарон мекунад, ин низоъ дар Панҷшер байни Тоҷикон ва Толибон аст.

Ва мо имрӯз тасмим гирифтем, ки тамоми кӯшиши худро ба харҷ хоҳем дод, ҷаноби Президент таъсири худро нисбати тоҷикон ва мо дар навбати хеш тамоми кӯшиши худро нисбати паштунҳо ва Толибон ба харҷ хоҳем дод.  Мо тамоми кӯшиши худро ба харҷ хоҳем дод, то ихтилофот тариқи муколама ҳалуфасл гардад.

Мо онҳоро водор хоҳем кард, ки ҳукумати фарогирро ташкил кунанд, ки барои Афғонистон гуногунмиллат муҳим аст.

Дар Афғонистон 45 дарсадро паштунҳо ва аққалияти бузургеро тоҷикон ташкил медиҳанд. Ӯзбекҳо, ҳазораҳо низ дар ин кишвар ҳастанд. Ҳамин тариқ, сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо дар сурати мавҷуд будани ҳукумати фарогир имконпазир мегардад.

Аз ин рӯ, мо тамоми кӯшиши худро ба харҷ хоҳем дод, мо даъват хоҳем кард, ки медонем, ки наметавонем ба ягон кишвар амр диҳем, аммо мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем, мо аз онҳо ҳамчун дӯстони Афғонистон даъват мекунем, ки онҳо бояд ин масъаларо ҳал кунанд, хусусан масъалаеро, ки ҳоло дар миёни тоҷикону толибон дар водии Панҷшер ҷой дорад.

Инчунин мо онҳоро дар заминаи башардӯстона даъват хоҳем кард, ки бояд муҳосираро хотима бахшанд, то кӯмаки башардӯстона вориди минтақа гардад. Мо метавонем дар ин лаҳза, ҷаноби Президент, чуноне, ки имрӯз ману Шумо ба таври васеъ баррасӣ кардем, ин як лаҳзаи тақдирсоз дар таърихи Афғонистон мебошад.

Ин метавонад ду роҳ дошта бошад, яке ба сӯи сулҳи пойдор, ки дар тӯли чил соли охир таъмин нест, ё ин ки мутаассифона он метавонад ба масири даҳшатборе биравад — ба муноқишаи бештар, бӯҳрони башардӯстона, гурезаҳои бештар, Афғонистони ноустувор, ки аз ҷониби террористон истифода гардад, ҳадди аққал се гурӯҳи мухталифи террористӣ хоки Афғонистонро барои ҳамлаҳои террористӣ дар Покистон истифода бурдаанд.

Ҳамин тариқ, воқеан ҳама ҷомеаи ҷаҳонӣ манфиатдоранд, ки дар Афғонистон сулҳу субот бошад.

Ҳамин тавр, сулҳ, тавре ки мо имрӯз розӣ шудем, танҳо дар сурате ҳосил мешавад, ки ҳукумати фарогир ташкил гардад. Ҳама назарҳои гуногун, фраксияҳо, гурӯҳҳои қавмӣ, ҳамаи онҳо ба ҳукумате шомил шаванд, ки ба сулҳи пойдор оварда расонад.

Бори дигар ман аз номи ҳайати худ ба Шумо, ҷаноби Президент, барои меҳмоннавозии гарму самимӣ, ки ҳамаро ба ваҷд овард, изҳори сипос менамоям. Мо рушду пешравиеро дидем, ки татбиқ карда шудааст, биноҳо ва кабудизорҳоро дидам.

Ин нишон медиҳад, ки Шумо ҳақиқатан иштиёқ барои рушди кишваратон доред ва ин воқеан ба ҳайати ман таассурот бахшид. Ман мехоҳам, ки Шуморо барои ин дастоварҳо табрик намоям.

Ташаккур.