ПРЕСС-РЕЛИЗ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2021

ПРЕСС-РЕЛИЗ

дар бораи натиҷаҳои фаъолияти

 Вазорати корҳои хориҷӣ дар соли 2021

Душанбе, 2 феврали 2022

Бо вуҷуди шароити номусоид дар минтақа ва ҷаҳон, дар соли 2021 дар дипломатияи тоҷик рӯйдодҳои муҳимме ба вуқӯъ пайвастанд, ки барои ҳифзу таъмини сулҳу амният дар минтақа, ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ ва густариши бештари муносибатҳои байналмилалии кишвари мо аҳаммияти фаровон доштанд. Дар ин давра Душанбе мизбони сафарҳои расмии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Покистон, Эрон ва нишастҳои дигари байналмилалӣ, пеш аз ҳама иҷлоси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай буд. Сарвари давлати мо ба чанд кишвари хориҷӣ сафари расмӣ карда, дар иҷлосҳои сатҳи баланди созмонҳои байналмилалӣ ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар давраҳои ҳисоботӣ беш аз 150 ҳайатҳои гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар соли сипаригашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 сафар, аз ҷумла сафарҳои корӣ ба Федератсияи Россия, Шоҳигарии Белгия ва Туркманистон, сафарҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Фаронса ва инчунин сафари давлатӣ ба Туркманистон анҷом доданд.

Ҳамчунин роҳбарони Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Беларус, Туркманистон Арманистон, Эрон ва Покистон  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар соли ҳисоботӣ 19 Вазири корҳои хориҷии дигар давлатҳо ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳамчунин дар ин муддат 22 намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар доираи чорабиниҳои гуногун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намуданд.

Табиист, ки барои Тоҷикистон тавсеаи робита ва таҳкими ҳамкории ҳамаҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Осиёи Марказӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ 8 маротиба суҳбатҳои телефонии Сарони давлатҳои Тоҷикистону Россия сурат гирифтанд. Дар рафти суҳбат президентҳо атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкории дуҷониба ва масоили мубрами таъмини амнияти минтақавӣ, вазъи Афғонистон дар замони охир таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.

9 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои идона бахшида ба таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Москва сафар намуда, бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқоти судманд доштанд.

19 май сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе анҷом пазируфта, Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои соли 2021 ба имзо расид.

27-28 декабри соли гузашта сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербург анҷом дода шуд, ки зимни он 27 декабр мулоқоти Сарвари давлат бо Президенти Федератсияи Россия баргузор гардид.

Рӯйдоди муҳимме, ки дар фазои Осиёи Марказӣ ба вуқӯъ пайваст, вохӯрии навбатии машваратии сарони давлатҳои минтақа дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон мебошад.

6 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии мазкур иштирок ва суханронӣ карданд.

Шоистаи зикр аст, ки дар вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Туркманистон мӯҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиат ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим кард.

Дар ин давра дар самти робитаҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ рӯйдодҳои назаррас ба вуқӯъ пайвастанд.

10-11 июни соли 2021 бо даъвати Пешвои миллат сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари мо сурат гирифт. Дар ҷараёни сафари мазкур бастаи калони санадҳои ҳамкорӣ (35 адад) дар арсаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва ғайра ба маблағи умумии беш аз 1 млрд доллари ИМА имзо шуд.

Дар ин давра 10 суҳбати телефонӣ миёни сарварони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон доир шуданд.

Муносибатҳои Тоҷикистон бо шарики дигари стратегӣ дар минтақа – Ҷумҳурии Қазоқистон бар пояи тавофуқҳои ҳосилшуда идома ёфт. Дар ин давра 8 маротиба суҳбатҳои телефонии Президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид.

19-20 майи соли 2021 нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар рафти ин сафар ҳафт санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тибқи онҳо барои таъсиси марказҳои низоми тақсими мол дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 45 млн доллари ИМА ва барои татбиқи лоиҳаҳои соҳаи саноат 500 млн.доллари ИМА маблағ ҷудо мегардад.

15 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот намуданд.

23-24 сентябр сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон баргузор гардида, мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд. Зимни сафари мазкур маросими гузоштани санги аввали бинои нави Сафорати Тоҷикистон ва кушодани нимпайкараи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Нур-Султон баргузор шуд.

Дар робита ба муносибатҳои дуҷониба бо Қирғизистон бояд қайд намуд, ки дар давраи гузоришӣ масъалаҳои ҳалношудаи марзӣ ҳамоно таъсиргузор буданд.

30 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Қирғизистон суҳбати телефонӣ доштанд. Сарони ду давлат низои дар минтақаҳои марзӣ бавуҷудомадаро баррасӣ карда, ба тавофуқ расиданд, ки 1 май ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар роҷеъ ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории марз дар Бодканд баргузор гардад. Дар гуфтугӯйи телефонии 1 май сарони ду кишвар ҷараёни амалӣ сохтани тавофуқҳои ҳосилшуда дар бобати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзиро баррасӣ карданд.

28 июн Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Зимни ин сафар масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатӣ ва вохӯриҳои ҳамраисони он, гурӯҳҳои кории топографии ин Комиссия,  суҳбатҳои телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифтанд, ки барои эътидоли вазъият дар минтақаи марзӣ ва ҷоннок кардани раванди музокирот мусоидат намуданд.

Бояд зикр намуд, ки соли гузашта дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон марҳилаи нави ҳамкорӣ оғоз гардид.

3-6 августи соли 2021 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон баргузор гардид.

Дар доираи сафар зиёда аз 20 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расида, маҷмӯи васеи масъалаҳои кунунии ҳамкории ду кишвар, инчунин як қатор масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардид.

17 сентябри 2021 бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Туркманистон ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун меҳмони фахрӣ бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард. Дар рафти ин сафар мулоқоти сарони ду давлат доир гардид.

5 сентябри 2021 аз барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус 25 сол пур шуд. Роҳбарони ду давлат ба ин муносибат ба якдигар паёмҳои табрикӣ ирсол намуданд.

18 май дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Беларус баргузор гардид ва Нақшаи машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2021-2022 ба имзо расид.

15-17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Беларус ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф овард. 15 сентябр мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Украина дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ доир гашта, 1 июн мулоқоти роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии ду кишвар дар шакли маҷозӣ сурат гирифт. Вазирон ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ карда, Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украинаро барои солҳои 2021-2022 бо тартиби инфиродӣ ба имзо расониданд.

Таҳкими робитаи ҳамкорӣ бо Озарбойҷон дар заминаҳои гуногун дар давраи гузоришӣ дар руҳияи ҳусни тафоҳум идома ёфт.

30 март дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳошияи Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” баргузор гардида, Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барои солҳои 2021-2022 имзо шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ 3 маротиба суҳбатҳои  телефонии Президенти Тоҷикистон бо Президенти Озарбойҷон доир гардид.

28 ноябр дар шаҳри Ашхобод дар доираи Саммити СҲИ (ЭКО) мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон барпо шуд. Ҷонибҳо оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, барои густариш ва тавсеаи ҳамкорҳо дар соҳаҳои саноат, нақлиёт, коммуникатсия, боркашонӣ ва дигар бахшҳои судманд ҳавасмандӣ ва омодагии худро таъкид карданд.

16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, мулоқот карданд. Ҷонибҳо масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои муҳими сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, саноат ва фарҳанг, муҳокима карданд.

3 апрели 2021 дар Москва дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Армения сурат гирифт ва дар он масъалаҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Арманистон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бояд қайд намуд, ки 15 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шакли маҷозӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз натиҷаи ҷаласа 10 санад, аз ҷумла изҳоротҳои муштараки сарони давлатҳо дар соҳаҳои гуногун муҳокима ва қабул карда шудаанд.

28 декабр Пешвои миллат дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои ИДМ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод мубодилаи афкор намуданд..

16 сентябр дар Душанбе таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷлоси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гардид.

Дар иҷлос сарони кишварҳои СААД сатҳи баланди раисии Тоҷикистон дар Созмон дар солҳои 2020-2021 ва иҷрои авлавиятҳоро дар ин давра қайд карданд. Дар ҳошияи иҷлос дар маҷмӯъ 14 қарор ба имзо расид.

30 март дар Душанбе бо иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё — Раванди Истанбул” таҳти унвони “Таҳкими иҷмоъ барои сулҳ ва рушд” дар шакли омехтаи ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор шуд. Масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ бо таъкид ба дурнамои ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон баррасӣ шуданд. Санади ниҳоии Конфронс – Эъломияи Душанбе, ки самтҳои ҳамкории муштаракро муайян мекунад, ҳамоҳанг ва қабул гардид.

Руйдоди муҳим дар чорчуби ҳамориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ин нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон, ки 16-18 сентябри соли 2021 сурат гирифт, мебошад. Дар натиҷаи сафар Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 8 санад ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии муносиботи ду ҷонибро тақвияти бештар мебахшад.

Инчунин 28 ноябр дар шаҳри Ашхобод Президенти кишвар дар доираи Саммити СҲИ (ЭКО) бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот карданд. Дар мулоқот маҷмуъи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон, мавзуъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

29-30 марти сафари расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлут Чавушоғлу ба Душанбе сурат гирифт. Зимни ин сафар Мавлут Ҷавушоғлуро  Пешвои миллат ба ҳузур пазируфтанд.

29 марти соли 2021 дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ дар арсаҳои гуногун ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуда, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ташрифот ва Барномаи ҳамкории байнивазоратӣ барои солҳои 2021-2023 ба имзо расид.

9 сентябри 2021 суҳбатии телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам бо Президенти Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Дар суҳбат густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву башарӣ, таъмини амният ва муборизаи муштарак бо таҳдиду ҷолишҳои ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

28 ноябр дар шаҳри Ашхобод Президенти кишвар дар доираи Саммити СҲИ (ЭКО) бо Президенти Ҷумҳурии Туркия мулоқот карданд. Дар он маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркия, вазъи ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар давраи гузоришӣ муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои арабӣ  густариш ёфтанд.

22 декабри 2021 дар “ЭКСПО-2020” дар ш.Дубай Рӯзи миллии Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Дар маросими ифтитоҳи Рӯзи миллӣ ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири кишвар иштирок намуд.

26 май нахустин даври ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.

16 июл дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: пайвастшавии минтақавӣ. Мушкилот ва имконият” дар шаҳри Тошканд мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Кувайт барпо гардид, ки дар он масъалаҳои тақвият ва густариши ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд.

Минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором бо назардошти нақши он дар сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст.

Дар ин росто Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо он кишвари мо шарокати стратегии ҳамаҷониба барқарор кардааст, ҷойгоҳи хос дорад. 1 март ва 7 сентябр суҳбатҳои телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Чин доир гардиданд. Зимни муколама ҷонибҳо ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин, ҳамчунин роҳҳои рушду густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.

11 май дар шаҳри Сиани Чин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин доир гардида, дар фарҷоми он Барномаи ҳамкорӣ байнивазоратӣ барои солҳои 2021-2022 ба имзо расид.

12 май дар Сиан нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Чин баргузор шуда, Изҳороти муштарак дар бораи таҳкими баъдии ҳамкории байниминтақавӣ, Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси сиғаи вохӯриҳои вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Чин, Изҳороти муштарак дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо Ковид-19 ва Изҳороти муштарак дар бораи Афғонистон қабул шуданд.

16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар соли 2021 ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Япония ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Муколамаи Осиёи Марказӣ + Япония идома ёфт. 11 март даври сеюми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.

Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея дар давраи гузоришӣ шоҳиди рӯйдоди муҳимми сиёсӣ буд.

1 апрел сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок ба Тоҷикистон баргузор гардида, номбурдаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд.

29 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Кореяро, ки бо сафари расмӣ ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду кишвар ва масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид. Худи ҳамон рӯз вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Корея барпо гардид.

30 ноябр дар шаҳри Душанбе бори аввал ҷаласаи 14-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.

Дар мавриди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Ҳиндустон бояд зикр намуд, ки 30 март ва 16 сентябри 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Ҳиндустонро ба ҳузур пазируфтанд.

17-20 декабри 2021 Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар ҷаласаи сеюми “Муколамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон” ба Деҳлӣ сафар намуд. Дар интиҳои чаласаи мазкур Изҳороти муштарак қабул шуда, 20 декабр Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон вазиронро ба ҳузур пазируфт. 18 декабр мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон доир гардида, дар фарҷоми он Барномаи ҳамкории байнивазоратӣ барои солҳои 2021-2024 ба имзо расид.

Дар соли сипаригардида руйдодҳои муҳим дар робитаҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Покистон ин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Ҷумҳурии Исломии Покистон (2-3 июн) ва сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Тоҷикистон (16-17 сентрябр) маҳсуб мешаванд. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ аз рӯйи натиҷаҳои сафарҳои расмии мазкур дар Душанбе ва Исломобод 23 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расида, ин чорабиниҳо ба густариши бештари муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар такони тоза бахшид.

27 ноябри 2021 дар шаҳри Ашхобод Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Саммити ЭКО бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ мулоқот карданд. Дар вохурӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Покистон, ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид.

Дар соли сипаригардида равобити Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка низ ба тадриҷ вусъат ёфт.

23 апрел вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии ИМА дар нишасти навбатӣ, ки маҷозӣ баргузор шуд, вазъият дар Афғонистон, мубориза бо ҳамагирии Ковид-19, дурнамои ҳамкорӣ дар минтақа, муқовимат бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро баррасӣ карданд.

1-2 июли соли 2021 Машваратҳои сиёсии навбатии Тоҷикистону ИМА дар Вашингтон баргузор шуда, дар рафти он Вазири корҳои хориҷӣ бо Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкин ва Вазири мудофиаи ин кишвар Ллойд Остин мулоқот намуд.

Дар мулоқот таҳияи лоиҳаҳои иқтисодӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, шаффофияти молиявӣ, мудирияти захираҳои хоҷагии деҳот ва об, маориф ва тандурустӣ, пешгирӣ ва бартараф кардани COVID-19 ҳамкорӣ дар масъалаҳои мубориза алайҳи терроризм ва ғайра мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

26 август бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Ҷонибҳо бо нигаронӣ рушди кунунии вазъи буҳронӣ дар Афғонистонро зикр карданд.

11 октябри 2021 дар шаҳри Брюссел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Шӯрои Аврупо ва дигар намояндагони воломақоми ин созмон мулоқот гузарониданд. Ҷонибҳо маҷмӯи  масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкориро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ карда, барои баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи он табодули андеша намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 ноябр Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Борреллро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт, ба ҳузур пазируфтанд.

22 ноябр дар Душанбе ҷаласаи 17-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар он ҷонибҳо идомаи ҳамкории густурда ва босамари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро бо дарназардошти паёмадҳои COVID-19 ва равандҳои минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин 22 ноябр Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Жозеп Боррелл вохӯрӣ намуда, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои онҳоро дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ, гуманитарӣ ва муҳити зист баррасӣ карданд.

Дар давраи гузоришӣ баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба бо Олмон, ки яке аз бузургтарин шарики Тоҷикистон дар Аврупо аст, идома ёфт.

30 августи 2021 Вазири федеролии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар кард. Дар рафти сафар Ҳайко Маасро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд.

21 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири федеролии Австрия дар умури Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷӣ масоили ҳамкории дуҷониба байни ду кишвар баррасӣ шуд.

12-14 октябри 2021 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Фаронса барпо гардид.

13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Фаронса дар Қасри Елисей истиқбол гирифтанд. Дар ин музокирот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Фаронса, аз ҷумла масъалаҳои  таъмини амну субот дар минтақа, иқтисоду тиҷорат, фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, сайёҳӣ матраҳ гардиданд.

Дар ҳошияи сафари расмӣ, Президентони ду кишвар дар маросими ифтитоҳи расмии Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи миллии санъати осиёӣ “Гиме” иштирок карданд.

Инчунин Роҳбари давлат бо Раиси Сенати ин кишвар ва роҳбару аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Фаронса-Осиёи Марказии Сенат мулоқот карданд. Зимни гуфтушунид бо иштироки васеи ҳайатҳои расмии ду ҷониб, маҷмуи мавзӯъҳои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса, хусусан дар соҳаи муносибатҳои сиёсӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ гардиданд.

12 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафарии корӣ ба Белгия бо Подшоҳи он кишвар Филипп мулоқот намуданд. Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорҳои дуҷонибаи судманд бо Подшоҳии Белгия ва робитаҳои бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардиданд.

11 октябр дар Брюссел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия Элиан Тилйё мулоқот карданд. Ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаро оид ба фаъолияти сиёсию қонунгузорӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва имкониятҳои сайёҳӣ муҳокима карданд.

2 сентябри 2021 Вазири корҳои хориҷӣ бо Котиби давлатии корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ суҳбати телефонӣ намуд ва зимни он масъалаҳои мубрам, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти Осиёи Марказӣ, мусоидати Тоҷикистон дар раванди тахлияи шаҳрвандони Британияи Кабир тавассути қаламрави Тоҷикистон ва таҳкими сарҳад баррасӣ гардиданд.

7 апрел сафари расмии Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сиярто ба Душанбе сурат гирифта, Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2022-2024 ба имзо расид.

15 октябр нахустин ҷаласаи Комиссияи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистон ва Маҷористон баргузор гардид.

20 октябр сафари вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон Петер Сиярто ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ҳошияи он мулоқотҳо  бо вазирони корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав ва энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мулоқот анҷом ёфтанд. Дар рафти сафар Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи такмили ихтисоси кормандони хизмати дипломатӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Маҷористон ба имзо расид.

Дар ин давра мулоқотҳои маҷозии Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Португалия 19 феврал, Шветсия 1 май, Финляндия 24 май сурат гирифт. Дар рафти суҳбат вазирон роҷеъ ба дурнамои муносибатҳои дуҷониба табодули афкор карда, масоили мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва амнияти минтақавиро баррасӣ карданд.

21 сентябри 2021 дар Ню-Йорк мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Норвегия дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ доир гардид. Ҷонибҳо зимни муҳокимаи равобити дуҷониба, минтақавӣ ва бисёрҷониба ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, тоза кардани минаҳо, идора кардани сарҳад дар чаҳорчӯби САҲА ва вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳ карданд.

23 июн даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия маҷозӣ баргузор гардид.

4 сентябри 2021 Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Луиҷи Ди Майо ба Тоҷикистон сафар карда, зимни он бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мулоқот намуд.

Дар рафти мулоқот масоили таҳкими заминаи қарордидию ҳуқуқӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардида, ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи Афғонистон табодули афкор намуданд.

8 декабр ҷаласаи дуюми вазирони “Италия – Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Тошканд доир гардид. Дар ҳошияи он мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Италия баргузор гардид.

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ буда, ҳамкории он бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ самти муҳими сиёсати хориҷии кишварро ташкил медиҳад. Дар давраи гузоришӣ дар арсаи дипломатияи чандҷониба пешбурди ташаббусҳои кишвари мо, ба вежа дар масъалаҳои об ва мубориза бо терроризм идома ёфт.

Дар нахустин мулоқоти Панели сатҳи баланд дар масъалаҳои об ва иқлим зери унвони “Пешвоёни обу иқлим”, ки 3 март маҷозӣ баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун узви он иштирок карданд. Роҳбари давлат вазъи имрӯзаро дар заминаи таъсири тағйироти иқлим ба захираҳои об ва пиряхҳо дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ арзёбӣ намуда, пешниҳод карданд, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон гардад.

18 март дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк чорабинии сатҳи баланд доир ба “Татбиқи ҳадафу вазифаҳои Рӯзномаи 2030 роҷеъ ба масъалаҳои об” дар асоси қатъномаи Маҷмаиа Умумӣ таҳти унвони “Бознигарии миёнамуддати фарогири Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки муаллифи он кишвари мост, барпо шуд. Тоҷикистон ба сифати ташаббускори қатъномаи мазкур ва раиси Конфронси оби СММ-2023 дар он нишаст дар сатҳи роҳбари давлат ба таври маҷозӣ ширкат варзид.

26-29 апрел иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCAP) дар шакли маҷозӣ баргузор гардида, дар он суханронии видеоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. 25 июн Пешвои миллат дар Панҷумин иҷлоси махсуси СММ доир ба об ва офатҳои табиӣ, ки маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

24 сентябри 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шакли маҷозӣ суханронӣ карданд. Сарвари давлати мо масъалаҳои мубрами имрӯза, аз ҷумла вазъияти бавуҷудомада дар Афғонистон, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, оқибати ҳамагирии Ковид-19, офатҳои табиии марбут ба об ва тағйирёбии иқлимро қайд карданд.

Соли гузашта Вазири корҳои хориҷӣ дар ҳамаи чорабиниҳое, ки дар доираи СММ баргузор гардиданд иштирок ва суханронӣ намуд

Руйдоди муҳим дар соҳаи ҳамкории фарҳангӣ дар давраи ҳисоботӣ баргузории Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ба ҳисоб меравад, ки зимни маросими ифтитоҳи он 14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд. Дар доираи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО барномаи ҳунарии устодони санъати Тоҷикистон ва ҷавонони соҳибистеъдод баргузор шуд.

15 декабри 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид гардидани номинатсияи “Фалак” ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман эълон шуд.

Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар бахшҳои сиёсию низомӣ, иқтисодиву муҳити зистӣ ва инсонӣ идома дорад. 15 апрел вазири корҳои хориҷии Шветсия Анн Линде, ки раёсати Созмони мазкурро бар дӯш дошт, ба Душанбе сафар кард.

Зимни ин сафар, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анн Линдеро ба ҳузур пазируфтанд. Инчунин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Анна Линде мулоқот анҷом дод.

28 ноябри 2021 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити 15 сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), ки дар Ашхободи Туркманистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Аз рӯйи натиҷаи кори Саммит “Консенсуси Ашхободӣ оид ба амалҳо” қабул гардид.

17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар баргузор гардида, дар он 30 адад бастаи муҳимми санадҳо ба имзо расид. Санади асосие, ки дар поёни нишаст қабул шуд, Эъломияи душанбегӣ дар бораи бистумин солгарди Созмони ҳамкории Шанхай буд, ки дар он натиҷаҳои асосии фаъолияти бистсолаи Созмон, мавқеи муштараки давлатҳои узв доир ба масъалаҳои калидии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ инъикос ёфтаанд.

Баъд аз ҳамоиши СҲШ, бори аввал мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД баргузор гардид, ки ба вазъи Афғонистон бахшида шуд.

Дар давоми соли 2021 Вазорат дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 73 анҷуманҳои иқтисодӣ, соҳибкорӣ, сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тариқи ҳузурию маҷозӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо зиёда аз 3,5 ҳазор соҳибкорону сармоягузорон, намояндагони мақомоти давлатӣ иштирок варзидаанд.

Дар доираи чорабиниҳои гузаронидашуда зиёда аз 100 созишномаи ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба имзо расонида шудааст.

Дар чаҳорчуби фаъолияти консулӣ Вазорат дар самти содда кардани низоми раводид бо кишварҳои хориҷӣ тадбирҳои лозим меандешад.

Дар ин давра Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2021 “Дар бораи ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба баъзе давлатҳои хориҷӣ” судур гардид. Дар асоси қарори мазкур шурӯъ аз 1 январи 2022 шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ имкон доранд ба муҳлати 30 рӯз бераводид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шаванд.