Баррасии масъалаи ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон

12 январи соли 2022 мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Директори генералии Корпоратсияи миллии украинии иқтисоди хориҷии «Важмашимпекс» Евгений Козик ва раиси Шӯрои тиҷоратии Украина ва Тоҷикистони Палатаи савдо ва саноати Украина Собир Азимов сурат гирифт. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Украина, аз ҷумла, роҷеъ ба ҷалби сармояи хориҷӣ, бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ ва корхонаҳои муштараки саноатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар намуданд.

Сафир зикр намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи паёми навбатии худ ба парламенти кишвар солҳои 2022 – 2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон кардааст, ки он барои ҷалби сармояи хориҷӣ марҳилаи навро оғоз мекунад.

Е. Козик иброз дошт, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо ширкатҳои тоҷикистонӣ пешниҳодҳои худро расман манзури Сафорат хоҳад кард.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамкорӣ доир гардид

———————————————————————————————————————————————————————————

Залучення іноземних інвестицій в економіку Таджикистану

12 січня 2022 року Посол Таджикистану в Україні Давлаталі Назрізода зустрівся з Генеральним директором Української національної зовнішньоекономічної корпорації «Важмашимпекс» Євгеном Козіком та Головою Українсько-Таджицької ділової ради Торгово-промислової палати України Собіром Азимовим. У ході переговорів сторони обмінялися думками щодо багатопланової співпраці між Таджикистаном та Україною, зокрема, щодо залучення іноземних інвестицій, створення електростанцій та спільних промислових підприємств на території Республіки Таджикистан.

Посол зазначив, що Лідер нації, Президент Республіки Таджикистан, шановний Емомалі Рахмон у своєму щорічному посланні парламенту країни оголосив 2022-2026 роки «Роками розвитку промисловості», з якого розпочнеться новий етап у залученні іноземних інвестицій.

Є. Козік зазначив, що до Посольства офіційно представить свої пропозиції щодо налагодження торговельно-економічного співробітництва з таджицькими компаніями.

Зустріч пройшла в діловій та дружній атмосфері.

———————————————————————————————————————————————————————————

Обсужден вопрос привлечения инвестиций в экономику Таджикистана

 12 января 2022 года Посол Таджикистана в Украине Давлатали Назризода встретился с Генеральным директором Украинской национальной внешнеэкономической корпорации «Важмашимпекс» Евгением Козиком и Председателем Украинско-Таджикского делового совета Торгово-промышленной палаты Украины Собиром Азимовым. В ходе переговоров стороны обменялись мнениями о многоплановом сотрудничестве между Таджикистаном и Украиной, в частности, о привлечении иностранных инвестиций, создании гидроэлектростанций и   совместных промышленных предприятий на территории Республики Таджикистан.

Посол отметил, что Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон в своем ежегодном послании парламенту страны объявил 2022-2026 годы «Годами развития промышленности», в связи с чем начнется новый этап в привлечении иностранных инвестиций.

Е. Козик отметил, что в Посольство официально представит свои предложения по налаживанию торгово-экономического сотрудничества с таджикскими компаниями.

Встреча прошла в деловой и дружеской атмосфере.