Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина

Бинобар ҳодисаҳои кунунӣ дар Украина, аз ҷумла ҷорӣ гардидани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми қаламрави кишвар ва баста шудани ҳарими ҳавоӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ маълумоти зеринро ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад.

Дар ҳудуди Украина 4 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мемонад, ки 101 нафар аз онҳо донишҷӯ мебошанд.

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Украина раванди тартиб додани рӯйхати шаҳрвандоне, ки хоҳиши бозгашт ба Ватанро доранд, ба роҳ монда шудааст.

Ба ҳолати 09:00 рӯзи 28 феврали 2022 теъдоди чунин шаҳрвандон зиёда аз 200 нафарро ташкил дод, ки аз он 76 шаҳрванд ба Лаҳистон ва 45 шаҳрванд ба Молдова мустақилона сафар намуданд.

Телефони тамоси Сафорат дар Киев шабонарӯзӣ бо рақами +380933361040 фаъолият мекунад, ки тариқи он дипломатҳои тоҷик доир ба масъалаи бозгашти шаҳрвандон тариқи кишварҳои сеюм мусоидати фаврии консулӣ мерасонанд.

Айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз Украина ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова бидуни барасмиятдарории раводид ба муҳлати маҳдуд, то 14 рӯз сафар намоянд. Дар баробари ин, шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва дигар ҳуҷатҳои дахлдор дошта бошанд.

Дар сарҳади Украина-Лаҳистон 8 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ — “Шегини”, “Рава-Русская”, “Ягодин”, “Устилуг”, “Краковетс”, “Угринов”, “Смолнитса” ва “Грушев” амал мекунанд.

Дар сарҳади Украина-Молдова 7 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, аз қабили “Паланка-Маяки”, “Ҷурҷулешти-Рени”, “Вулканешти-Виноградовка”, “Мирное-Табаки”, “Чадир Лунга-Новие Торяни”, “Бессарабка-Серпневое” ва “Тудора-Староказаче” фаъол мебошанд.

Дар сарҳади Украина-Руминия 10 нақтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, аз ҷумла “Ҷурҷулешти-Galati”, “Кагул-Oancea”, “Леушени-Албитса”, “Скулен-Яси”, “Костешти-Stinca”, “Крива-Мамалига”, “Ларга-Келменси”, “Бричани-Росошани”, “Окниса-Сокиряна” ва “Атаки-Могилёв-Подолский” амал мекунанд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аллакай дар ҳудуди Лаҳистон, Руминия ва Молдова қарор доранд, дар ҳолати зарурӣ метавонанд бо шахсони масъули намояндагиҳои дипломатии зерин дар тамос бошанд:

  • Сафорати Тоҷикистон дар Молдова (бо қароргоҳ дар Киев) хатти алоқаи доимии рақами +380933361040;
  • Сафорати Тоҷикистон дар Лаҳистон (бо қароргоҳ дар Берлин) хатти алоқаи доимии рақами +4915238204875, WhatsApp +992988613755;
  • Сафорати Тоҷикистон дар Руминия (бо қароргоҳ дар Вена) хатти алоқаи доимии рақами +436604806878 WhatsApp.

Аз шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Украина қарор доранд хоҳиш карда мешавад, то дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ҳолати ҳарбиро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.

https://www.mfa.tj/tg/main/view/9743/vnimaniyu-grazhdan-tadzhikistana-v-ukraine

Вниманию граждан Таджикистана в Украине

В связи с происходящими в Украине событиями, введенным военным положением на всей территории страны и закрытием воздушных границ, Министерство иностранных дел доводит до сведения граждан Таджикистана следующее.

На территории Украины находятся около 4 тысяч граждан Таджикистана, из них 101 студент.

Посольством Таджикистана в Украине ведется список граждан страны, изъявивших желание и планирующих вернуться на Родину. По состоянию на 09:00 утра 28 февраля количество таких граждан составило более 200 человек, из которых 76 граждан самостоятельно выехали в Польшу и 45 граждан – в Молдову.

В круглосуточном режиме работает горячая линия Посольства в Киеве по номеру +380933361040, посредством которой таджикские дипломаты оперативно окажут консультативное содействие в вопросе возвращения наших граждан через территории третьих стран.

В настоящее время граждане Таджикистана могут выехать из Украины в Польшу, Румынию и Молдову без оформления виз на ограниченный срок пребывания, как правило на 14 дней. При этом гражданам Таджикистана необходимо иметь при себе документы, удостоверяющие их личность документы, а также другие документы.

На украинско-польской границе действуют 8 контрольно-пропускных пунктов — «Шегини», «Рава-Русская», «Ягодин», «Устилуг», «Краковец», «Угринов», «Смольница» и «Грушев».

На украинско-молдавской границе действуют 7 контрольно-пропускных пунктов — “Паланка-Маяки”, “Джурджулешты-Рени”, “Вулканешти-Виноградовка”, “Мирное-Табаки”, “Чадир Лунга-Новие Торяни”, “Бессарабка-Серпневое” и “Тудора-Староказаче”.

На украинско-румынской границе действуют 10 контрольно-пропускных пунктов — “Джурджулешты-Galati”, “Кагул-Oancea”, “Леушени-Албица”, “Скулен-Ясы”, “Костешти-Stinca”, “Крива-Мамалига”, “Ларга-Келменси”, “Бричани-Росошани”, “Окниса-Сокиряна” и “Атаки-Могилёв-Подолский”.

Граждане Таджикистана, которые уже находятся в Польше, Румынии и Молдове в случае необходимости могут связаться с ответственными со следующими сотрудниками наших дипломатических представительств:

— Посольство Таджикистана в Молдове (с резиденцией в Киеве) по горячей линии +380933361040.

— Посольство Таджикистана в Польше (с резиденцией в Берлине) по горячей линии +4915238204875, WhatsApp +992988613755.

— Посольство Таджикистана в Румынии (с резиденцией в Вене) по горячей линии +436604806878, WhatsApp +992918243494.

Находящимся на территории Украины гражданам необходимо строго соблюдать предписания военного положения, сохранять спокойствие и по возможности оставаться в местах проживания.

https://www.mfa.tj/ru/main/view/9743/vnimaniyu-grazhdan-tadzhikistana-v-ukraine