Ба таваҷҷуҳи Шӯрои ҷамъиятии тоҷикистониёни Украина, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии (диаспораҳои) тоҷикистониёни шаҳру вилояти Киев, Белая Серков, Днепропетровск, Харков, Одесса, Херсон ва Николаев

Бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон ҷиҳати баррасии корҳои омодагӣ ба баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ – интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Украина,  рӯзи 24 феврали соли 2020 соати 10:30 дар ш.Киев ҷаласа баргузор мегардад.

Маҳалли баргузорӣ: меҳмонхонаи “Турист”, толори “conference hall THEATRE” ошёнаи 1.

Суроға:  ш.Киев, кӯчаи Р.Окипной, 2.

Истгоҳи метрои  “Левобережная”.