ТАБРИКОТ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!

 

Ҳамватанони азиз!

 

Имрӯз ба санаи таърихии қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бисту чор сол пур мешавад.

Дар робита ба ин, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ва Ҷумҳурии Молдова ҳамаи ҳамватанонро ба ин муносибат муборакбод гуфта, ба шумо сиҳатию саломатӣ, зиндагии шоиста, иқболи баланд ва дар фаъолияти ҳамарӯза бурдбориҳо ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамояд.

Маҳз бо кафилӣ ва шарофати арзишҳои башардӯстонаи Конститутсияи кишвар имрӯз миллати тоҷик, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои худ дар ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардида, мақоми худро дар амалисозии орзуву ояндаи дурахшони миллати тоҷик, пойдорию бардавомии давлатдории миллӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувори ҷомеа пайваста мустаҳкам менамояд.

Бигзор ин санади сарнавишти тақдирсози давлату миллат ҳамчун санади олӣ солҳо ҳукмфармо бошад!

РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОШАД, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!