ТАБРИКОТ БА МУНОСИБАТИ 22-ЮМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 

   Ҳамватанони гиромиқадр,

27 июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардид ва мардуми шарафманди тоҷик ҳар сол фарорасии онро бо ифтихору шодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегирад.

Чӣ тавре ки, ҳамагон, дар хотир дорем, дар оғози ба даст овардани истиқлолияти миллӣ, саросари кишвари азизамонро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт, ки ин мебоист дар пешорӯи таърихи навин боиси аз байн рафтани давлати тозаистиқлол ва хатари пароканда шудани миллати тоҷик гардад.

Хушбахтона, бо заҳмату кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари вақт барои ислоҳи ин иштибоҳи даҳшатноки миллаткуш тадбирҳо андешида шуда, баъди музокироти сангину тӯлонии зиёда аз чаҳорсола оқибат санади тақдирсоз, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон раванди оштии миллӣ, ваҳдати саросарии мардуми тоҷик ба имзо расид ва дар кишвар сулҳу субот барқарор гардид.

Боиси хушнудист, ки имрӯз дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистон амнияти миллӣ ва сулҳу субот ҳукмфармост ва мардуми шарафманди тоҷик самараи истиқлолияту шаҳди ваҳдати миллиро рӯз то рӯз чашида истодааст.

Дар пайравии гуфтаҳои боло, кулли ҳамватанони тоҷикистониро бо 22-юмин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, хушбахтиву хонаободӣ, бахту саодат ва рӯзгори осударо ба ҳар яки Шумо орзумандем.

   Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамватанони азиз!