БА ТАВАҶҶУҲИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР УКРАИНА

Аз 1 марти соли 2017 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина хизматрасонии нави консулӣ:

“барасмиятдарорӣ ва таҳияи шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии навъи биометрӣ” амал мекунад.

Дар робита ба ин, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Украина истиқомат доранд метавонанд барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина муроҷиат намоянд.

Барои гирифтани шиносномаи биометрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд:

  1. Аризаи шаҳрванд дар бораи гирифтани шиносномаи биометрии хориҷӣ;
  2. Шиносномаи хориҷӣ (асл);
  3. Шиносномаи  дохилӣ  (асл);

 

Барои  шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  1. Аризаи яке волидайн барои гирифтани шиносномаи биометрии хориҷӣ;
  2. Шаҳодатнома дар бораи таваллуд (асл);
  3. Шиносномаи падару модар (асл);
  4. Розигии яке аз волидайн барои гирифтани шиноснома;

 

Вобаста ба ҳар як муроҷиат Сафорат метавонад, бинобар зарурати тасдиқи дурустии маълумот ҳуҷҷатҳои  иловагиро талаб намояд.

Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба тартиби барасмиятдарории шиносномаи биометрӣ, шаҳрвандон метавонанд тариқи  телефони кории Сафорат  тамос гиранд: +38 (044) 390 93 39