New Year’s greetings to compatriots on the New Year from the Ambassador Extraordinary and Plenipotentiary of the Republic of Tajikistan in Ukraine

 

Дӯстони азиз!

Раисони Шӯрои ҷамъияти тоҷикони шаҳру

вилоятҳо, донишҷӯён, ҳамватанони гиромқадр,

 

Бо камоли мамнуният Шуморо бо фарорасии Соли Нави мелодии 2017 табрик ва муборакбод менамоям.

Соли сипаришаванда барои Ватани азизамон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати созандаи бобарори пешбаранда ва таҳкими эътибори байналмилалии кишварамон ба дастовардҳои азим ноил гардид.

Бо истиқбол аз ин соли файзбор, ба Шумо ва аҳли хонаводаи Шумо сиҳатмандиву саодатмандӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рузгори пурфайзу пурбаракатро орзу менамоем.

 Соли нав муборак ҳамватанони азиз! 

 

Бо эхтиром,

Сафири Фавқулода ва Мухтори

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина 

Файзулло Холбобоев