Табрикот бахшида ба 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ,

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Шуморо бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуда, дар ин рӯзи фараҳбахш бароятон дар роҳи бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон барору комёбиҳои беназир таманно дорад.

Конститутсия – шиносномаи миллат буда, дар он инсон арзиши олӣ маҳсуб меёбад. Маҳз бо шарофати Конститутсия ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ шинохта, дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд мустаҳкам карда шудааст.

Бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ноил гардида, орзуву ормонҳои ҳазорсолаи худро амалӣ карда истодааст.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, бори дигар ба муносибати 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу оромӣ, хушбахтӣ ва ободиро орзу менамоем!