Табрикот бахшида ба 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатро кафили таъмини соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар эълон намуда, дар айни замон, ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули бонизоми давлати навини тоҷикон, тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро аз ҷумлаи мақсадҳои асосии конститутсионӣ эътироф кардааст.

Моҳият ва аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти он ки  бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидааст, хусусияти миллӣ дорад ва дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтаанд.

Дар ин ҷода ба ҳар яки шумо, ҳамватанони гиромӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандорӣ ва рӯҳу илҳоми тоза орзу намуда, 25-солагии Рӯзи Конститутсияи кишвари азизамонро бароятон табрик ва муборакбод мегӯем.