Таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон дар ш.Киев

 

Ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 сентябри соли 2019 дар шаҳри Киев чорабинии тантанавӣ
бо иштироки роҳбарият ва кормандони Сафорат, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии (диаспораи) тоҷикистониёни шаҳру вилояти Киев “Ваҳдат”, ҳамватанони муқими Украина ва донишҷӯёни тоҷик доир гардид.

Зимни баромад Сафири Тоҷикистон дар Украина ва Ҷумҳурии Молдова Файзулло Холбобоев оид ба таърихи ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он барои мардуми мо, ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои муҳими кишварамон дар даврони Истиқлолият, ибрози назар намуданд.

Ҳамчунин дар чорабинӣ роҳбари диспораи тоҷикони шаҳру вилояти Киев “Ваҳдат” Қурбон Ғуломов ва аз номи ҳамватанони муқими кишвари иқомат Собирҷон Азимов вобаста ба арзиши ин ҷашн суханронӣ карданд.

          В Киеве отпраздновали День Независимости Республики Таджикистан

6 сентября 2019 года в городе Киев в честь 28-й годовщины Дня Независимости Республики Таджикистан состоялось торжественное мероприятие с участием руководства и сотрудников Посольства, представителей таджикской общественной организации (диаспоры) города Киева и Киевской области «Вахдат», соотечественников проживающих в Украине и таджикских студентов.

В своем выступении Посол Таджикистана в Украине и Республике Молдова Файзулло Холбобоев отметил об истории обретения Независимости Республики Таджикистан и его значимости для нашего народа, а также проинформировал о всемирных инициативах Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона и о достижениях страны за годы независимости.

Также на мероприятии выступили руководитель таджикской общественной организации (диаспоры) города Киева и Киевской области “Вахдат” Курбон Гуломов и от имени соотечественников, проживающих в Украине Собирджон Азимов.