Ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украина

3-4 марти 2020 дар шаҳри Киев ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид, ки онро Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода ва Муовини вазири рушди иқтисод, тиҷорат ва кишоварзии Украина Тарас Качка роҳбарӣ намуданд.

Дар ҷаласа ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, сайёҳӣ ва масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.

Дар поёни нишаст Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи мазкур ба имзо расид.

———————————————————————————————————————————————————————————

Пятое заседание Совместной межправительственной комиссии Таджикистана и Украины

3-4 марта 2020 года в городе Киев состоялось Пятое заседание Совместной межправительственной таджикско-украинской комиссии по вопросам экономического сотрудничества. Таджикскую делегацию на данном заседании возглавил Заместитель министра экономического развития и торговли Тоджиддин Джуразода, а украинскую сторону – Заместитель министра развития экономики, торговли и сельского хозяйства Украины — Торговый представитель Украины Тарас Качка.

На заседании были рассмотрены состояние и перспективы развития сотрудничества между двумя странами в таких отраслях, как экономика, торговля, инвестиции, энергетика, промышленность, транспорт, сельское хозяйство, образование, туризм и другие аспекты двустороннего сотрудничества.

По итогам Пятого заседания Совместной межправительственной комиссии был подписан соответствующий Протокол.