Ба расмиятдарории шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ

                                 ТАҲИЯ ВА СУДУРИ ШИНОСНОМАИ УМУМИШАҲРВАНДИИ ХОРИҶИИ БИОМЕТРӢ

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳлати шиносномаи хориҷиашон ба анҷом расонида шудааст ё анҷом мерасад, метавонанд барои ба расмият даровардани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии биометрӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Барои гирифтани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии биометрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод карда шаванд:

  • Аризаи шаҳрванд дар бораи гирифтани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии биометрӣ;
  • Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ (асл);
  • Шиносномаи дохилӣ ё нусхаи он (дар сурати пешниҳоди асли шиноснома, маълумотҷамъкунӣ ба таври содда сурат мегирад);
  • Иҷозати иқомат дар Украина ва Ҷумҳурии Молдова;
  • Нусхаи маълумотнома аз ҷои истиқомат;
  • Корти донишҷӯӣ барои донишҷӯён;
  • Барои шахсоне, ки ба фаъолияти меҳнатӣ ё корӣ машғуланд, иҷозати корти корӣ.
  • Ариза-саволномаи барои додани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии биомертӣ (замимаи 1);
  • Акс (дар ҳаҷми 3,5х4,5 cm).

Барои шаҳрвандони ноболиғи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  • Аризаи волидайн дар бораи гирифтани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии биометрӣ барои фарзанди худ;
  • Шаҳодатномаи таваллуд;
  • Шиносномаи падару модар;
  • Розигии падару модар барои гирифтани шиноснома (дар консулгарӣ ба расмият дароварда мешавад);
  • Шаҳодатномаи ақди никоҳи падару модар;
  • Иҷозати иқомат дар Украина ва Ҷумҳурии Молдова;
  • Нусхаи маълумотнома аз ҷои истиқомат;
  • Ариза-саволномаи барои додани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии биомертӣ (замимаи 1);
  • Акс (дар ҳаҷми 3,5х4,5 cm).

Вобаста ба ҳар як муроҷиат Консул метавонад, барои зарурати тасдиқи дурустии маълумот ҳуҷҷатҳои иловагиро талаб намояд.

Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба тартиби барасмиятдарории шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии биометрӣ, шаҳрвандон метавонанд тариқи телефони корӣ ё почтаи электронӣ ба Шӯъбаи консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина тамос гиранд.

 

Анкета барои шиносномаи хориҷӣ:

Замимаи 1: Ариза-саволномаи барои додани шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии биомертӣ 

Замимаи 2: Ариза-саволнома барои гирифтани шиносномаи дипломатӣ ё хизматӣ 

Замимаи 3: Талабот нисбати сурати шахсии шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ 

ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМАИ БОЗГАШТ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шаҳодатномаи бозгашт — ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ӯро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, ки ба мӯҳлати на зиёда аз 60 рӯз дода шудааст.

Шаҳодатномаи бозгашт аз ҷониби муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

  • аризаи муроҷиаткунанда, ки намунааш аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ таҳия ва тасдиқ мегардад;
  • маълумотномаи шӯъбаи корҳои дохилӣ ё мақомоти дигари дахлдори давлати иқомати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба далели муроҷиати ин шаҳрванд оид ба гум шудани шиноснома;
  • ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд, билети ҳарбӣ, шаҳодномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, билети ҳарбии офитсери захира).
  • шаҳодатномаи тиббӣ дар бораи таваллуди кӯдак то яксолагӣ расидани кӯдак, агар шаҳодатномаи таваллуд дода нашуда бошад;
  • 2 акси рангаи андозааш 3х4 мм;

Муҳлати баррасии дархости додани Шаҳодатномаи бозгашт аз 10 рӯзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад. Дар ҳолатҳои зарурӣ (санҷиши иловагии ҳуҷҷатҳо), муҳлати баррасии муроҷиатнома метавонад аз ҷониби роҳбари муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати на зиёда аз 10 рӯз тамдид карда шавад.

Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои будубош дар хориҷа асос шуда наметавонад.

Замима: Ариза барои додани Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон